Нашрияи «Дедлайн» номи ситораи силсилафилми «Маводи махфӣ»-ро ошкор кард. Ҳунарпеша Даниэл Дедуайлер яке аз нақшҳои асосиро дар филм иҷро хоҳад кард. Лоиҳаро коргардон Райан Куглер офарандаи филми муваффақи «Гунаҳгорон» таҳия мекунад.
Силсилафилм аз тарафи хадамоти намоишии «Hulu» пешниҳоди бинанда мегардад. Куглер ҳамзамон продюсер ва муаллифи филмнома хоҳад буд.
Санаи дақиқи намоиш ҳоло маълум нест. Силсилафилми аслии «Маводи махфӣ» бо нақшофарии Ҷиллиан Андерсон ва Дэвид Духовни соли 1993 оғоз шуда буд. Қисса дар бораи ҷосусон Скалли ва Малдер, ки падидаҳои ғайритабииро таҳқиқ мекарданд, нақл мекард. Соли 2016 силсилафилм дар шакли нав идома ёфт.



5