Аввалин ролики таблиғотии филми ҳунарии «Истгоҳи шимолӣ» дар сомонаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ гардид. Ин лоиҳаи драмавӣ дар бораи муносибати донишҷӯи факултети биология Света ва устодаш Рудин дар муҳити донишгоҳӣ мебошад.
Филми мазкурро коргардон Сергей Овечко таҳия кардааст. Нахустнамоиши филм соли гузашта дар ҷашнвораи «Руҳи оташ» дар шаҳри Ханти-Мансийск баргузор гардид. Дар Русия филми «Истгоҳи шимолӣ» 2 апрел ба намоиш мебарояд.



7