Ширкати филмофарии “Ворнер брозерс” навори таблиғотии идомаи филми маъруфи «Мортал Комбат»-ро нашр кард. Нахустнамоиши филм 8 май баргузор мегардад.
Қисмати дуюми ин офарида дар бораи қаҳрамонҳои подшоҳии Замин нақл мекунад, ки ҳамроҳ бо Ҷонни Кейҷ бо нақшофарии Карл Урбан бояд аз ҳукмронии торикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Дар лоиҳа инчунин Ҷессика Макнэми, Хироюки Санада, Аделин Рудолф, Тати Габриэл ва дигар ҳунармандон нақш офаридаанд. Коргардониро муаллифи қисми аввал Саймон Маккуойд ба уҳда дошта, Ҷереми Слейтер болои филнома кор кардааст.
Филми аввали «Мортал Комбат» соли 2021 ба намоиш баромада, дар фурӯши ҷаҳонӣ 84 миллион доллар даромад ба даст овард.



9