Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

    Дар Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

    2023-03-16
    280

           

       10-12 март дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Суди Олии ҷумҳурӣ хабар доданд.

    Дар кори ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои  судҳои олии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Покистон, Русия, Беларус ва Эрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои иттилоотонии судҳо, мусоидат ба дастрасӣ ба адолати судӣ, мушкилиҳои дастурии низоми судиро муҳокима намуда, оид ба муҳимияти мавзӯъҳои баррасишуда ва зарурати баланд бардоштани ҳамкории самаранок байни мақомоти судӣ маъруза намуданд.

    Дар охир изҳороти муштараки раисони судҳои олӣ қабул гардид. Тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ дар байни судҳои олии давлатҳои аъзо ҳамкории судманд дар раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузории давлатҳои аъзо идома дода шавад.


    ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/03/dar-induston-alasai-18-umi-raisoni-sud-oi-olii-davlat-oi-azoi-sozmoni-amkorii-shanhaj-barguzor-shud/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ