Маросими супоридани ҷоизаҳои Ҷамъияти мутахассисони тобишҳои визуалӣ баргузор гардид. Дар ҷашнвораи мазкур филми «Аватар: Оташ ва хокистар»-и Ҷеймс Кэмерон аз ҳама бештар соҳиби ҷоиза гардид. Лоиҳаи тахайюлӣ дар бораи Пандора ҳафт ҷоиза, аз ҷумла ҷоизаи асосӣ барои беҳтарин тобишҳои махсус дар филми пурраи фотореалистиро ба даст овард.
«Аватар: Оташ ва хокистар» ҳамчунин барои беҳтарин персонаж, технологияҳои пешрафтатарин, беҳтарин кори наворбардорӣ, беҳтарин тобишҳои симулятсионӣ, беҳтарин муҳит ва дигар номинатсияҳо соҳиби ҷоиза шуд.
Ҳамзамон лоиҳаи аниматсионии «Кей-поп-шикорчиёни девҳо» се ҷоизаро барои беҳтарин тобишҳои визуалӣ дар филми тасвирӣ, беҳтарин тобишҳои симулятсионӣ дар филми тасвирӣ ва беҳтарин персонаж дар филми тасвирӣ ба даст овард.
Филми довталаб ба ҷоизаи «Оскар» — «Гунаҳгорон» як ҷоиза дар бахши «Беҳтарин тобишҳои визуалии дуюмдараҷа дар филми фотореалистӣ» ба даст овард.



9