Ширкати “Searchlight Pictures” филми «Васияти Анна Ли»-ро имрӯз, 10 март дар кинотеатрҳои интернетӣ ба намоиш мегузорад. Ин лоиҳаи мусиқавӣ дар бораи Анна Ли бо нақшофарии Аманда Сайфред ба бинанда қисса мекунад. Коргардон ва муаллифи филмнома Мона Фастволд таҳиякунандаи филми “Бруталист” мебошад. Нахустнамоиши ҷаҳонии филм дар бахши озмунии фестивали “Венетсиа” баргузор шуд. Мунаққидон ба филм баҳои баланд доданд ва Сайфред барои иҷрои ин нақш барои гирифтани ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” номзад гардид.



8