Руйхати номзадҳо ба Синамоҷоизаи миллии “Ника”-и Русия эълон гардид. Дар ҷашнвораи имсола филми ҳунарии “Саргузашти Александр Пушкин” бо иштироки Юра Борисов дар нақши асосӣ аз рӯи номзадӣ ба номинатсияҳо пешсаф мебошад. Ин лоиҳа, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири барчастаи рус Пушкин ба бинанда нақл мекунад, дар номинатсияҳои “Беҳтарин филм”, “Беҳтарин филмнома”, “Беҳтарин кори наворбардорӣ”, “Беҳтарин кори коргардонӣ дар танзим”, “Беҳтарин мусиқӣ”, “Беҳтарин кори рассомӣ” ва “Беҳтарин кори тарроҳии либос” номзад шудааст.
Ҳазамон коргардони филм Феликс Умаров дар номинатсия “Беҳтарин коргардон”, Юра Борисов дар номинатсияи “Беҳтарин нақши мардона” ва Сергей Гилёв дар бахши “Беҳтарин нақши дуюмдараҷаи мардона” номзад ҳастанд.



13