14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон муҳтарам Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари даргузашти сиёсатмадори маъруф, муовини Сарвазири Cалтанати Умон Сайид Фаҳд ибни Маҳмуд Оли Саид боиси ғояти андӯҳи мо гардид.
Марҳуми олиқадр бо фаъолияти доманадори худ дар мансабҳои баландпояи давлатӣ дар раванди рушду пешрафти давлати Умон саҳми босазо гузошта, дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он обрӯву эҳтироми шоиста пайдо карда буд.
Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Умон қадр мекунем ва дар хотир хоҳем дошт.
Бинобар ин талафоти гарон ба Шумо ва мардуми бародари Умон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Парвардигори маннон барои пайвандону наздикони шодравон шикебоӣ ва сабри ҷамил мехоҳам».



8