Муҳокимаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Узбекистон сипас дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
Гуфтушунидҳои расмии ду ҷониб бо суханони табрикӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки барои ҳарду кишвари ҳамсоя арзиши волои таърихию фарҳангӣ дорад, оғоз ёфт.
Зимни нишасти нахустини Шурои олии байнидавлатӣ, ки таъсиси он нишонаи ба сатҳи баланд расидани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ гардид, маҷмуи васеи масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллар наздик мешавад ва изҳори бовар карда шуд, ки то соли 2030 ин нишондод то ба 2 миллиард доллар расонда мешавад.
Зикр гардид, ки ҳоло дар сарзамини Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият доранд. Ин омор нишонаи намоёни густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя номида шуд.
Ҳамчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади шаҳрвандон миёни ду кишвар, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ, яке аз дастовардҳои муҳими ҷонибҳо дар солҳои охир арзёбӣ карда шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди мо ба Узбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд.
Суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ таъкид гардид.
Аз баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи муштараки маҳсулоти соҳавӣ дар шаҳри Тошканд, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон ва анҷумани байниминтақавии соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ҷизахи Узбекистон, ки дар ҳошияи ин сафар ҷараён доштанд, изҳори қаноат карда шуд.
Тақвияти ҳамкорӣ барои истифодаи васеи технологияҳои навин, дастовардҳои навтарини илму техникаи муосир ва ҳамчунин дастгирии олимону ташаббускорони ҷавон зарур дониста шуд.
Ба дарёфти роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳам аз мавзӯъҳои муҳими музокирот буд. Дар робита ба ин зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид карда шуд.
Ба ҳамкорӣ дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, авзои атрофи минтақаи моро «мураккаб» номида, иброз доштанд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад.



10