Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Имрӯз вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд

    Имрӯз вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд

    2023-03-17
    109

                           

    Имрӯз дар шаҳри Варанасаи Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иттилоъ доданд.

    Дар робита ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иброз гардид, ки рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо нақши муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо хусусияти хоси фарҳангӣ ва таърихӣ, табиати дилфиреб, обҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, олами набототу ҳайвонот ва дигар омилҳо яке аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ба шумор меравад.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷударо аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Ҳамчунин роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул намуданд, ки он барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар байни давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай муҳим арзёбӣ мегардад.


       ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/03/imr-z-voh-rii-ro-baroni-ma-omoti-sajyo-ii-davlat-oi-uzvi-sozmoni-amkorii-shanhaj-doir-shud/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ