Ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фаъолон вохӯрии судманд баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд.
Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, муҳтавои Паём аз 23 декабри соли 2022 фарогири он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самари нек ва боварибахш дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодааст.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои ояндаи шукуфонии Ватан талош намоем.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, шомил нагардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати комил, меҳру садоқат ба халқу Ватан, фарҳанги либоспӯшӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии нашъамандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пардохти ҳаққи неруи барқ, андоз, самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ибрози ақида карда шуд.
Баргузории суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия идома дорад.
МУЪМИНОБОД, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/03/ba-sokinoni-no-iyai-muminobod-mo-iyati-payomi-prezidenti-to-ikiston-ba-ma-lisi-olii-um-urii-to-ikiston-tavze-doda-shud/