Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд

    2026-03-31
    3

    31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара баъд аз ба истифода додани кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт» дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.

    Нахуст гулгашти Парчами давлатӣ дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сутунпояи баландиаш 53 метр ифтитоҳ ёфт.

    Се муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 360 кӯдак дар деҳоти Ворух ва Хоҷаи Аъло ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдом дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад.

    Дар идомаи тадбирҳо зеристгоҳи барқии «Исфара-1» дар доираи лоиҳаи «CASA-1000» мавриди истифода қарор гирифт, ки он дар таҳкими амнияти энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва бахшҳои истеҳсолӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

    Ҳамчунин дар деҳоти Чоркӯҳ коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии тиббӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки 40 сокини маҳаллӣ бо  кори доимӣ таъмин гардиданд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯсти Исфара пешниҳод намуданд, ки бо ҳисси баланди масъулият тадбирҳои ободониро вусъат бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд ва ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ