Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Марокаш нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Марокаш нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

    2023-03-18
    114

                       

    16 март Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба омодагӣ ба Конфронси оби қарибулвуқуи СММ, ки дар пойтахти Подшоҳии Марокаш  — шаҳри Работ  баргузор шуд, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Дар нишаст доир ба пешоҳангии Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа ва «Раванди оби Душанбе» ном гирифтани рӯзномаи обии СММ ба таври муфассал иттилоъ дода шуд.

    Таъкид гардид, ки новобаста ба мамлакаи болооб ва дорои захираҳои азими обӣ будан, Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти монанд ба обшавии босуръати пиряхҳо, селу обхезӣ, ярчу тарма ва таҷрибаву маҳорати ҳалли чунин душвориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурдаи босамар ба роҳ мондааст.

    Ҳамчунин тазаккур дода шуда, ки ҳайати воломақом ва бонуфузи Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ, ки зери раёсати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҷараён хоҳад дошт, чорабиниҳои сершумори каноравӣ, аз ҷумла вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз низ баргузор хоҳад намуд.


    ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2023/03/ravandi-obi-dushanbe-dar-marokash-nishasti-matbuot-oid-ba-konfronsi-obi-smm-barguzor-gardid/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ