16-17 март ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 49-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Нуакшоти Ҷумҳурии исломии Мавритания иштирок намуд. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбари ҳайати ҷумҳурӣ аз тадбирҳои муассири Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ёдовар шуда, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни давлатҳои СҲИ тавассути иҷрои барномаҳои марбутаи ин созмонро яке аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши фақр ва таъмини шароити устувори зиндагӣ дар минтақа унвон кард.
Дар фарҷом роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз давлатҳои узви СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Инчунин 17 март дар ҳошияи иҷлосияи 49-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Мавритания Исмоил Оулд Шайх Аҳмад мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду давлат табодули назар намуданд.
ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/03/ajati-to-ikiston-dar-i-losiyai-sh-roi-vazironi-kor-oi-hori-ii-s-i-dar-mavritaniya-ishtirok-namud/