22.04.2026, Қазоқистон
Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,
Муҳтарам Сарони давлатҳо,
Муҳтарам иштирокдорони Саммит!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев, барои даъват ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намоям.
Саммит дар шароите баргузор мегардад, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақаи мо ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд.
Бешубҳа, ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд.
Тавре маълум аст, дар ҳудуди кишвари мо то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд.
Ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии Тоҷикистонро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд.
Дар ин замина, обшавии босуръати пиряхҳо ва кам шудани захираҳои барф боиси нигаронии амиқ мегардад.
Аз чордаҳ (14) ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1300 адади онҳо аллакай пурра об шудаанд.
Раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон тамоюли афзоиш дошта, ба вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии вобаста ба об оварда мерасонад.
Ҳамзамон, мехоҳам тамоюли нигаронкунандаи афзоиши басомад ва давомнокии зуҳуроти тӯфонҳои чанголудро дар кишварҳои мо, ки ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, таъкид намоям.
Дар Тоҷикистон танҳо соли гузашта беш аз шаст тӯфони чанголуд ба қайд гирифта шуд.
Давомнокии умумии онҳо тақрибан ҳафт моҳро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, дар аввали солҳои навадуми асри гузашта басомади чунин зуҳуроти обу ҳаво танҳо ду ё се маротиба дар як сол буд.
Муҳтарам иштирокдорони Саммит,
Кишвари мо дар доираи Раванди оби Душанбе талошҳои пайвастаи худро барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим идома медиҳад.
Имрӯз қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дорад.
Дар заминаи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо соли гузашта дар шаҳри Душанбе Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Он ба минбари муассири ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ва андешидани тадбирҳои минбаъда дар ин самт табдил ёфт.
Ҳамзамон, Қатъномаи СММ дар бораи эълон кардани Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025–2034), ки бо ташаббуси муштараки мо ва шарикони байналмилалӣ қабул гардидааст, аҳамияти муҳим дорад.
Мо нақша дорем, ки дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказиро таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ таъсис диҳем.
Мо ба дастгирии шарикон дар пешбурди ин масъала умед дорем.
Муҳтарам иштирокдорони Саммит,
Имрӯз дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон масъалаҳои мусоидат ба гузариши иқлимӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушд баррасӣ мегарданд.
Ба густариши манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Ҳамзамон, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисодиёти камкарбон низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Барои Тоҷикистон рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои тозаи энергия афзалияти стратегӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ, сафарбарсозии сармоягузориҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории дастгирии рушди «сабз» аҳамияти хоса касб менамояд.
Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд.
Ин қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии маблағгузории устувори иқлимӣ мебошад.
Баррасии имконияти ташаккули марҳилавии бозори минтақавии карбонро барои дастгирии талошҳо дар самти коҳиши партовҳо ва ҷалби сармоягузориҳои нав ба мақсад мувофиқ мешуморем.
Ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист мебошад.
Бо назардошти ин, дар Тоҷикистон Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040 қабул гардидааст.
Барномаи мазкур шинонидани зиёда аз як миллиард дарахтро бо мақсади барқарорсозии низомҳои экологии ҷангал пешбинӣ менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати умумии ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ дар кишвар аз 2,5 то 22 фоиз афзоиш ёфт.
Илова бар ин, Тоҷикистон барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни давлатиро барои ҳифзи намудҳои беназир ва нодири ҳайвоноти кӯҳӣ фаъолона амалӣ мекунад.
Ин тадбирҳо, аз ҷумла, барои ҳифз ва афзоиши саршумори бабри барфӣ, яке аз рамзҳои низомҳои экологии кӯҳии Осиёи Марказӣ, инчунин бузи пармашох ё морхӯр, гӯсфанди кӯҳӣ ва архар, ки бо номи гӯсфанди Марко Поло маъруф аст, равона гардидаанд.
Ин ва дигар талошҳои мо барои ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва таъмини эҳтиром ба табиат нигаронида шудаанд.
Ҳамкасбони муҳтарам,
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавии экологӣ мо ҷонибдори рушди механизмҳои сохтории он ва таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошем.
Дар ин замина, мехоҳам инчунин аҳамияти Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳоро, ки дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст ва метавонад ҳамчун платформаи самараноки минтақавӣ истифода гардад, таъкид намоям.
Муҳтарам иштирокдорони Саммит,
Имрӯз мо Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказиро қабул намуда, Барномаи минтақавии амалро то соли ду ҳазору сӣ тасдиқ мекунем.
Ин санадҳо, бешубҳа, заминаи дигареро барои рушди минбаъдаи ҳамкории экологӣ дар минтақа фароҳам меоранд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пайваста аз ҷониби шарикони мо дастгирӣ ёфта, ҳамчун замина барои пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат менамоянд.
Масъалаҳои дар боло зикршуда ва дигар мавзуъҳои обу муҳити зист дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки даҳаи сеюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамтоёни муҳтарам, аз ташрифи ҳайатҳои кишварҳои Шумо ба Тоҷикистон шод хоҳем шуд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.



9