Филмҳои иштирокчии Синамоҷашнвораи 79 – уми байналмилалии Канн эълон шуданд. Фестивали мазкур аз 12 то 23 май баргузор мешавад.
Раиси ҳакамон коргардони куриёӣ мебошад, ки бо филмҳои "Писари кӯҳна", "Бозиҳои ғайриахлоқӣ" ва дигар филмҳо маъруф аст.
Фестивал бо намоиши филми мазҳакавии "Зӯҳраи барқӣ"-и коргардон Пер Салвадорӣ ифтитоҳ мешавад. Ҷоизаи махсуси ҷашвнора "Нахли тиллоӣ" барои дастовардҳои ҳамешагӣ ба коргардон Питер Ҷексон, ки дар филми "Ҳукмрони ҳалқаҳо" кор кардааст ва ҳунарпеша Барбра Стрейзанд тақдим карда мешавад.
Дар ин фестивали синамоӣ 21 филм интихоб шудааст, ки барои ба даст овардани ҷоизаи асосӣ миёни ҳам сабқат менамоянд. Нахустнамоиши филмҳо дар доираи фестивал филмҳои "Пропеллер"-и Ҷон Траволта ва "Кокуроҷо: Самурай ва асир" ба ҳисоб мераванд.
Дар доираи намоишҳои махсус филмҳои "Ҷон Леннон: Мусоҳибаи охирин", "Аведони"-и Рон Ховард, "Чеи зинда"-и Кристоф Ревел ва "Субҳи муъҷизавӣ"-и Аврил Бессон ба нақша гирифта шудаанд.



5