Дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии рушди воситаҳои нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи ширкати автомобилбарории «JAC-Моторс»— и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Намояндагии «JAC Motors» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни ҳол барои мизоҷон фурӯши 11 модели автомобилҳои тамғаи «JAC»-ро дастрас намудааст. Аз ҷумла: 3 навъ автомобили сабукрави барқӣ, 3 навъ автомобили сабукрав бо муҳаррики дарунсӯз, 2 навъ автомобили мусофирбар, 3 навъ автомобили боркаш. «JAC Motors Tajikistan» аввалин Намояндагии ширкат дар қаламрави Тоҷикистон мебошад, ки воситаҳои нақлиёти автомобилии барқиро бо кафолат ба аҳолӣ пешниҳод менамояд.
Дар маросими ифтитоҳ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ассотсиатсияи Дилерҳои Расмии Истеҳсолкунандагони Автомобилҳо — «АДРИА», намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт, саноат ва технологияи нав, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими Душанбе, сохторҳои шаҳрӣ ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки намояндагии ширкати автомобилбарории «JAC-Моторс» дар заминаи ҶДММ «Сити Сервис ЛТД», ки ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва фурӯши онҳо махсус гардонда шудааст, ташкил шуд.
«JAC Motors» зиёда аз 50 сол боз ба истеҳсоли автомобил машғул буда, фаъолияти худро соли 1964 оғоз намудааст.
Дар айни замон автомобилҳои ширкати мазкур ба зиёда аз 130 давлати ҷаҳон содирот мешаванд. Дар баробари ин, ширкат соли 2021 дар ҷоизаи «Chinese Automobile Brand» миёни дигар истеҳсолкунандагони автомобил соҳиби ҷойи намоён гардид.
«JAC-Моторс» фаъолияти худро аз истеҳсоли воситаҳои нақлиёти боркаш оғоз намуда, дар айни замон ба истеҳсоли автомобилҳои сабукрав, мусофирбар, боркаши сабуку вазнин ва автомобилҳои барқӣ машғул мебошад.
ҶДММ «Сити Сервис ЛТД» бо мақсади таъмини саривақтии қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири автобусҳои шаҳри Душанбе соли 2018 таъсис дода шудааст. Ва афзалияти асосии Сити Сервис нисбат ба дигар корхонаҳо дар он аст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ бештар ба роҳ мондааст ва яке аз ширкатҳо «JAC Motors» ба шумор меравад.
Тазаккур бояд дод, ки минбаъд дар ҷумҳурӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди воситаҳои нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» афзалият ба воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ (электромобил) ва хизматрасонии техникии онҳо равона мегардад.
ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/03/jac-motors-dar-sha-ri-dushanbe-namoyandagii-in-shirkati-iste-soli-avtomobil-iftito-gardid/