Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншоти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншоти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

    2026-04-24
    7

    24 апрел зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи агрегати рақами №7 Неругоҳи барқии обии Норак, 8 иншоти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

    Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Норакро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

    Иншооти мазкур дорои шароити муосири хизматрасонии тиббӣ буда, дар он 35 кас бо кор таъмин гардидаанд.

    Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, бинои нави танзимгарон, ташхисгоҳ ва мошинсарой барои мутахассисоне буд, ки дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ масъуланд.

    Дар бинои мазкур барои 40 мутахассис шароити мусоиди корӣ фароҳам гардидааст.

    Мақсад аз бунёди иншоот барқарорсозиии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва обҳои корезӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани вазъи санитарию экологии ҳудуди шаҳри Норак арзёбӣ гардид.

    Инчунин дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- Саноатикунонии босуръати кишвар дар деҳоти Лангар, корхонаи парандапарварии Мурғи гӯштӣ ба истифода дода шуд.

    Дар корхонаи мазкур 6 ҳазор сар паранда парвариш меёбад. Масъулин нақша доранд, ки то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршумори мурғро ба зиёда аз 15 ҳазор расонанд.

    Ҳамчунин 2 муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак дар деҳаи Чал-Чал ва Чашма ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин иқдоми созанда дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли наврас аҳамияти баланд дорад. Бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Чашмаи 1, бо 12 ҷойи корӣ дар хизмати сокинон қарор дода шуд.

    Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Норак бо 11 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

    Ҳамчунин бинои нави фуруши молҳои ниёзи мардум ва фурӯши сабзавоти тару тоза дар бозори Рамзи Норак аз ҷониби соҳибкори ҷавон Аминҷон Асадуллозода ифтитоҳ ёфт, ки дар он 80 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

    Инчунин майдончаи варзишӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, ки рушди футболи кишвар ва омавигардонии варзиш мусоидати фаъол хоҳад кард.

    Коргоҳи хурди истеҳсоли бетон дар назди корхонаи Дӯкон дар ҷамоати деҳоти Дӯконӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдукарими Назар бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 40 метри мукааб дар як рӯз буда, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.

    Дар ҳамин ҷо лоиҳаи осоишгоҳи муосири табобатӣ, истироҳатӣ ва сайёҳӣ, ки дар соҳили зебоманзари дарёи Вахш ҷойгир хоҳад шуд, муаррифӣ гардид. Осоишгоҳ барои қабули зиёда аз сад кас дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он даҳҳо сокини маҳалӣ соҳиб кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.

    Ҳоло сохтмони 3 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 900 кӯдак дар шаҳри Норак идома дорад, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

    Зимни муаррифии иншооти мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати густариши корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ