Ситораи филми “Интиқомҷӯён” Крис Эванс ба ҳайъати ҳунарпешагони филми “Калифорнияи азизи ман” ҳамроҳ мешавад. Ҳамчунин дар филми ҳунарпешаҳои дигари дорандаи ҷоизаи “Оскар”, аз ҷумла Ҷесика Ҷестейн, Крис Пайн ва Дон Чилд нақш мебозанд.
Коргардон ва муаллифи филмнома Элайҷа Барнум мебошад. Сужаи филм воқеъаҳои соли 1980–ро, ки дар шаҳри Лос-Анҷелес ба вуқуъ пайвастаанд, инъикос мекунад.
Ҳанӯз муайян нест, ки Крис Эванс дар ин лоиҳа кадом нақшро мебозад. Тибқи иттилои расонаҳо Эванс дар идомаи филми “Интиқомҷӯён” ба нақши Капитани Амрико бармегардад.



7