Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади офаридани филмҳои ҳунарии бачагона Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» озмуни ҷумҳуриявии сенариянависонро таҳти унвони «Кӯдакону наврасон – ояндаи миллат» эълон менамояд.
Озмун ҷумҳуриявии сенариянависонро «Кӯдакону наврасон – ояндаи миллат» дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» моҳи октябри соли равон ҷамъбаст гардида, муаллифони беҳтарин филмномаҳо бо ҷоизаҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Мутобиқи талаботи озмуни ҷумҳуриявии сенариянависонро «Кӯдакону наврасон – ояндаи миллат» филмномаи ба озмун пешниҳод шаванда бояд ғояҳои ватандӯстӣ, ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва ташаббускориро инъикос намояд, дар мазмуни филмнома ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷой дошта бошад ва ҳаҷми филмнома на камтар аз 40 саҳифаи шакли А4 буда, дар се нусха пешниҳод гардад. Хоҳишмандон метавонанд маводи худро то 1 сентябри соли 2026 ба Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод намоянд.



29