Академияи синамои Амрико қоидаҳои навқабулшудаи овоздиҳӣ барои ҷоизаи бонуфузи «Оскар»-ро нашр кард. Ин қоидаҳо аз соли 2027 мавриди амал қарор мегиранд. Мувофиқи тартиби нав истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои актёрӣ ва филмноманависӣ иҷозат дода намешавад.
Ҳоло ҳунармандон метавонанд барои нақшҳои гуногун дар як категория ду маротиба номзад шаванд, агар ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ дохил шаванд. Ин имкон медиҳад, ки аз ҳолатҳои «қаллобӣ дар категорияҳо» пешгирӣ шавад.
Тағйироти муҳим ба бахши «филмҳои байналмилалӣ» низ дахл дорад. Акнун дар ин номинатсияиҳо метавонанд ҳар гуна филмҳое иштирок кунанд, ки дар бузургтарин фестивалҳои синамо аз ҷумла фестивали «Канн», «Санденс», «Берлин» ва «Торонто» ҷоиза гирифтаанд. Маросими навбатии «Оскар», ки ҷашнвораи 99-умин мебошад, 14 марти соли 2027 баргузор мешавад.



28