Хадамоти намоишии» «Apple TV» наворҳои аввалини силслилафилми «Соҳили тарс»-ро муаррифӣ кард. Намоиши лоиҳаи коргардон Мартин Скорсезе рӯзи 5 июн дар интернет оғоз мешавад.
Нақшҳои асосиро дар лоиҳа Эми Адамс ва Хавиер Бардем иҷро мекунанд. Сужа дар бораи ҳамсарони ҳуқуқшинос қисса мекунад, ки ногаҳон бо ҷинояткори собиқе рӯ ба рӯ мешаванд, ки худи онҳо ӯро ба зиндон фиристода буданд.
Дар шакли нав инчунин Патрик Уилсон, Тед Левайн ва Анна Баришникова нақш мебозанд. Муаллифи мутобиқсозӣ Ник Антоска мебошад. Мартин Скорсезе ва Стивен Спилберг ҳамзамон вазифаи продюсериро ба уҳда мегиранд.
«Соҳили тарс» бар асоси романи нависанда Ҷон Макдоналд дар соли 1957 таҳия шудааст. Силсила аз 10 қисм иборат хоҳад буд



6