Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд

    Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд

    2026-05-05
    9

    Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 

    Электробусҳо истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.

    Нақлиёт бо 12 метр дарозӣ дорои 32 ҷойи нишаст буда, ҳаҷми умумии ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил медиҳад. Он ҳамчунин муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани маълумотдиҳанда мебошад.

    Мавриди тазаккур аст, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ то ин давра аз ширкати мазкур 60 электробус харидорӣ гардида, дар хатсайрҳои пойтахт мавриди истифода қарор доранд.

    Зимни муаррифии электробусҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш ба 300 км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисматҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳад.

    Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо масъулон барои дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

    Дар натиҷаи иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири  тадриҷан амалӣ гардидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе талаботи навро нисбат ба фаъолияти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи мусофиркашонӣ пеш овардааст. Дар дурнамои оянда барои беҳтар намудани вазъи соҳа ва амалисозии қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2022-2028 дар пойтахт» тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

    АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ