Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд

    2026-05-12
    10

    12 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд.

    Ҷонибҳо ба робитаҳо дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

    Таъкид гардид, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Чин бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

    Барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии Чин изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

    Фаъолияти самараноки марказҳои Конфутсий ва маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии “Коргоҳи Любан” дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф номида шуд.

    Тавсеаи робитаҳо дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин, идомаи робитаҳо дар бахши тарҷума ва нашри осори илмӣ ва таърихиву фарҳангӣ, афзоиши шумораи бурсияҳои таълимӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

    Дар ин зимн раёсати донишгоҳ бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки ҳар сол барои донишҷуёни тоҷик 10 бурсия ҷудо намояд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ