Санаи дақиқи пешниҳоди мавсими нави силсилафилми ҷосусии «Агентӣ» дар кинотетарҳои онлайнӣ эълон гардид. Дар ин бора хадамоти намоиши «Paramount» хабар додааст. Тибқи маълумотҳо мавсими нави лоиҳа аз 21 июн дар интернет пахш мешавад.
Қисса дар бораи ҷосуси бюрои тафтишотӣ бо номи рамзии Марсианин мебошад, ки нақши ӯро Майкл Фассбендер иҷро мекунад. Ногоҳ дар зиндагии қаҳрамон маҳбубаи собиқаш Самия, бо нақшофарии Ҷоди Тёрнер-Смит дубора пайдо мешавад.
Дар филм инчунин Ричард Гир, Джеффри Райт, Кэтрин Уотерстон ва дигарон нақш бозидаанд. Продюсерони лоиҳа Майкл Фассбендер ва Ҷорҷ Клуни ҳастанд.



6