23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис, дӯсти гиромӣ,
Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони кишвари дӯст бар асари садамаи шадид дар яке аз конҳои ангишти музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси ғояти андӯҳи инҷониб гардид.
Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам».



9