Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Имрӯз дар Меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»

    Имрӯз дар Меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»

    2026-05-25
    10

    Имрӯз дар Меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» (25-28 май) Форуми байналмилалии «Занон ва об–2026» баргузор гардида истодааст.Дар чорабинӣ Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Элиза Фернандес, муовини директори минтақавии сохтори “СММ-Занон” оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Хонум Мейке Ван Гиннекен, фиристодаи Оби Нидерланд, Вазорати корхои хоричии Хукумати Нидерланд ва дигар намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносони соҳаҳои гуногун, шарикони рушд, дар умум намояндагони зиёда аз 15 давлат ширкат доранд.
        Иштиркчиён ҳадафи асосии форумро дар таъсиси платформаи байналмилалии сатҳи баланд барои бартараф намудани нобаробарӣ дар соҳаи об, тақвияти иштироки занон дар қабули қарорҳо ва таҳкими нақши онҳо дар маблағгузорӣ ва татбиқи инноватсияҳо маънидод намуданд.
       Тибқи иттилоъ, барномаи форум аз се ҷаласаи панелӣ иборат бужа,зимни ҷаласаҳо масъалаҳои таъсиси механизмҳои мақсадноки молиявӣ барои занони соҳибкор, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ барои қонеъ намудани ниёзҳои хоси занон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
       Иштирокчиён ҳамчунин масоили ҳамгироии баробарии гендериро ба стратегияҳои миллии об, механизмҳои идоракунии захираҳои об дар ҳама сатҳҳо, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории фаромарзӣ муҳокима менамоянд.
       Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 май дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
    Бояд гуфт, ки дар сатҳи миллӣ аз соли 2018 то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид се Конфронси байналмилалии сатҳи баланд (солҳои 2018, 2022 ва 2024) дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ин силсилаконфронсҳо, ки «Раванди оби Душанбе» ном гирифтаанд, ба майдони устувор барои баррасии масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, санитария ва тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ