«Марзҳои ҳамкориҳои фаромарзӣ. Навоварӣ ва иқдомҳо барои об ба хотири рушди устувор»
Имруз дар доираи Конфронси чоруми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018–2028» дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе дар мавзуъи «Марзҳои ҳамкориҳои фаромарзӣ. Навоварӣ ва иқдомҳо барои об ба хотири рушди устувор» Форуми байналмилалӣ оғоз гардид.
Ҳамоиш, ки таҳти раёсати Далер Ҷумъа — Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, дар кори он намояндагон аз Вазоратхои захираҳои оби Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, ташкилоти байналлмилалию минтақавӣ ва коршиносони соҳаи обу иклим ширкат доранд. Пас аз маросми расмїӣ кори Форум дар ду ҷаласа ва ду панели идома ёфта, дар ҷаласаи аввал таҳти унвони «Навоварӣ ва иқдомҳо барои ҳамкориҳои фаромарзии об дар Осиёи Марказӣ», ки дар сатҳи вазоратҳои кишвархои минтақа вараён гирифт, стратегияҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии ҳавзаҳои фаромарзии об мавриди баррасӣ қарор дода шуда, диққати асосӣ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва нақши созмонҳои ҳавзавии дарёҳо равона гардад. Показать меньше



10