Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд

    2026-05-25
    10

     25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд.

    Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайра мақдам гуфта, аз робитаҳои фаъоли Иттиҳоди байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон дар масъалаҳои захираҳои об ва тағйирёбии иқлим изҳори қадрдонӣ намуданд.

    Тавре зикр гардид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ имрӯз ҳамчун як василаи муассир барои пешбурди ташаббусҳои сулҳомез ва ҳалли мушкилоти глобалӣ дар саросари ҷаҳон хизмат мекунад.

    Зимнан нақши дипломатияи парлумонӣ ҳамчун василаи муҳим барои тақвияти муносибатҳои миёни кишварҳо дар масъалаҳои шаффофият, устувории усулҳои демократия, таъмини рушди устувор ва дигар меъёрҳо таъкид гардид.

    Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои осоиштаи ҳалли низоъҳои ҷаҳони имрӯза сурат гирифт.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ