Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ иқтидори обию энергетикӣ ва шаҳсозии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ иқтидори обию энергетикӣ ва шаҳсозии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

    2026-05-26
    15

    26 май дар Намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Устувории захираҳои обӣ барои ҳалли мушкилоти иқлим», ки дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иқтидори обию энергетикӣ ва сайёҳию шаҳрсозии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

    Дар ин намоишгоҳ вазорату идораҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию пажӯҳишии мамлакат, инчунин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки самти фаъолияташон ба таъмини амнияти обию энергетикӣ, бунёди иншооти бузурги обию энергетикӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти обӣ нигаронида шудааст, дастовардҳои соҳаро ба намоиш гузоштанд.
    Дар намоишгоҳ гӯшаи созмондодаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик» таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Душанберо ҷалб намуд.

    Дар ин гӯша тарҳи иншооти бузурги гидроэнергетикӣ- неругоҳҳои барқи обӣ, обанборҳо, кӯлу дарёҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон, ки 60 фоизи захираи обҳои Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, хеле чашмрас буда, сарзамини обҳои тоза ва кишвари ташаббусҳои глобалӣ будани Тоҷикистонро дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо бори дигар ба ҷаҳониён, аз ҷумла иштирокдорони Конфронси 4-уми сатҳи баланди Душанбе муаррифӣ намуд.
    Бояд гуфт, ки Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар доираи Раванди оби Душанбе доир шуда, намояндагони ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии об муттаҳид месозад.

    Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 муҳимтарин масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ, муттаҳидсозӣ ва тақвияти ҳамкории кишварҳои ҷаҳон дар самти таъмини амнияти обию энергетикии сайёра дар раванди тағйирёбии иқлим баррасӣ гарданд.



    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ