22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, ки аз ҷониби ҳамраиси конфронс – Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида буд, иштирок карданд.
Иштирокчиён саривақтӣ будани чорабиниро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки вобаста ба вазъи мураккаби захираҳои об зарурати суръатбахшии амалҳо ва тағйир додани муносибат ба ин захираҳои бебаҳо пеш омадааст.
Таъкид карда шуд, ки захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши назаррас доранд ва тавассути он дар соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки 98 фоизи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути манбаҳои барқароршаванда истеҳсол гардида, Тоҷикистон дар рушди сабзи минтақа нақши муассир мегузорад. Дар баробари омилҳои манфиатбор офатҳои табиии марбут ба рушди иқтисодиёт таъсири ногувор мерасонад. Ба таъкиди коршиносон 70 фоизи ҳолатҳои фавқулода ва 80 фоизи талафоти иқтисодӣ ба омилҳои монанд ба офатҳои табии марбут ба об иртибот дорад.Дар солҳои гуногун зарар аз офатҳои табии марбут ба об 8-9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон балки хоси дигар давлатҳо, хусусан давлатҳои ру ба рушд мебошад.
Дар чорабинӣ сиёсигардонии масъалаи об ҳамчун мавзуи муҳим таъкид гардид ва бо назардошти он такмили сиёсат ва тарҳрезии стратегияву барномаҳои рушд тадбири муассир арзёбӣ карда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конференсияи имрӯза доир ба масъалаҳои об ба дарки амиқи муҳимияти об ва идораи оқилонаи он мусоидат менамояд.
Иштирокчиёни чорабинӣ муҳимияти ҷалби таваҷҷуҳи махсусро ба маҷмуи масъалаҳои марбут ба об таъкид намуданд.
Манбаъ: Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон http://president.tj/node/30270