Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Тоҷикистон ва СММ омодагиро барои баррасии ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об дар соли 2028 оғоз намуданд

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Тоҷикистон ва СММ омодагиро барои баррасии ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об дар соли 2028 оғоз намуданд

    2026-05-27
    8

    Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар Душанбе нишасти махсуси панелӣ доир гардид, ки ба натиҷаҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи захираҳои об ва дурнамои баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 бахшида шуд.

    Чорабинӣ бо ташаббуси муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми «UN-Water» — «СММ-Об» баргузор гардида, ҳамоҳангсозии онро Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) ба уҳда дошт.

    Дар маркази муҳокима натиҷаҳои пешакии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», арзёбии пешрафти бадастомада пас аз баррасии миёнамуҳлати соли 2023, инчунин таҳияи самтҳо барои баррасии ҳамаҷонибаи ҷамъбастӣ, ки соли 2028 таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, қарор дошт.

    Тавре дар ҷараёни муҳокимаҳо таъкид гардид, Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи худ доир ба натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2023 қарор қабул намуд, ки соли 2028 Конфронси ҷамъбастии СММ оид ба арзёбии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор карда шавад. Ҳамзамон, СММ пешниҳоди Тоҷикистонро ҷиҳати мизбонии ин ҳамоиши глобалӣ дар шаҳри Душанбе истиқбол намуд.

    Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар солҳои татбиқи Даҳсола ба масъалаҳои амнияти об, идоракунии устувори захираҳои об, беҳдошт ва дастрасӣ ба оби тоза дар сатҳи ҷаҳонӣ такони нави сиёсӣ бахшида шуд. Дар ин замина, зарурати гузариш аз уҳдадориҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои амалӣ ва ченшаванда махсус таъкид гардид.

    Ҳамраисии нишасти махсусро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини раиси механизми «UN-Water» Зиёд Ҳаёт ба уҳда доштанд.

    Дар муаррифии муқаддимавӣ корманди калони масоили рушди устувори UN DESA Стефани Рамблер марҳилаҳои асосии татбиқи Даҳсоларо, аз ҷумла оғози ташаббус дар соли 2018 ва баргузории баррасии миёнамуҳлат дар соли 2023 муаррифӣ намуд.

    Нишасти якуми панелӣ ба арзёбии пешакии натиҷаҳои Даҳсолаи амал бахшида шуда, дар он ҳамоҳангсози Гурӯҳи коршиносон ва роҳбарони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва офатҳои табиӣ (HELP) Кэндзо Хироки, намояндаи Шарикии ҷаҳонии об Нчеди Морипе ва ҳамоҳангсози шабакаи German WASH Network Йоханнес Рюк иштирок намуданд.

    Коршиносон таъкид карданд, ки дар солҳои охир ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ба таври назаррас густариш ёфта, иштироки муассисаҳои молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ афзоиш пайдо кардааст. Ҳамзамон таваҷҷуҳ ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии хатарҳои вобаста ба об низ бештар гардидааст.

    Нишасти дуюми панелӣ ба муҳокимаи шакл ва методологияи баргузории баррасии ҷамъбастии татбиқи Даҳсола ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба захираҳои оби соли 2028 бахшида шуд. Дар он президенти Институти захираҳои оби Туркия Лютфи Акджа, директори ширкати «Agualimpia» аз Перу Мерседес Кастро ва сармуҳаррири нашрияи «Water Diplomat» Тобиас Шмитс иштирок намуданд.

    Дар рафти муҳокимаҳо иштирокчиён ба зарурати таҳияи механизмҳои нави мониторинг, арзёбии самаранокии ташаббусҳои обӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафи рушди устувори №6 — таъмини дастрасӣ ба об ва беҳдошт барои ҳамагон — таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

    Ҳамчунин ба масъалаҳои ҳифзи такони сиёсӣ баъд аз анҷоми Даҳсолаи амал ва таҳияи роҳҳалҳои амалӣ, ки метавонанд ба рӯзномаи глобалии об таъсири дарозмуддат расонанд, диққати махсус дода шуд.

    Иштирокчиён таъкид намуданд, ки Душанбе мавқеи худро ҳамчун яке аз минбарҳои муҳими байналмилалӣ барои муҳокимаи дипломатияи об, идоракунии устувори захираҳои об ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии СММ дар ин самт боз ҳам таҳким мебахшад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ