Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд

    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд

    2026-05-27
    11

    Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои махсуси панелӣ, нишастҳои мавзӯӣ ва ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баргузор мешаванд.

    Ҷаласаи пленарӣ дар толори асосии «Кохи Сомон» таҳти ҳамраисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Тсзюнхуа доир мегардад.

    Дар ҷараёни ҷаласа суханронии роҳбарони ҳайатҳо аз давлатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, инчунин коршиносон ва шарикони рушд дар назар аст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор равона мегардад.

    Дар доираи барномаи конференсия инчунин муҳокимаҳои махсуси панелӣ вобаста ба натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи об, омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои оби соли 2028 ва ҳамчунин баррасии самтҳои минбаъдаи сиёсати ҷаҳонии об пас аз соли 2030 баргузор мешаванд.

    Иштирокчиён масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии аҳолӣ ба захираҳои об ва беҳдошт, инчунин роҳҳои ноил гардидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувор дар соҳаи обро муҳокима менамоянд.

    Пас аз анҷоми чорабиниҳои мавзӯӣ ҷаласаи ҷамъбастии конференсия баргузор гардида, аз натиҷаҳои он барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карда мешавад.


    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ