Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода тансиҳатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини мубини ислом моҳи нузули Қуръон, айёми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват мебошад.
Яъне ҳар як мусулмон дар ин моҳ бояд аз ҳама гуна аъмоли зишту нораво худдорӣ карда, дигаронро низ ба роҳи росту дуруст, анҷом додани амалҳои хайру писандида, сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ даъват намояд.
Яке аз анъана ва суннатҳои неке, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, дароз кардани дасти хайру саховат ба ниёзмандон аст.
Мусулмонон бояд ҳамеша ва хусусан, дар ин моҳи муқаддас рисолати имонӣ ва виҷдонии худро барои оромиву субот ва рушди ҷомеа, аз ҷумла дастгирии эҳтиёҷмандон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ анҷом диҳанд.
Бо дарназардошти он ки ҳадафи дини мубини ислом тарбияи инсони солеҳ аст, моҳи Рамазон беҳтарин фурсат ва накӯтарин мактаби ахлоқӣ дар роҳи расидан ба ин мақсад мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Имсол моҳи шарифи Рамазон ба давраи саршавии мавсими киштукори баҳорӣ рост омад.
Мо бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.
Дар шароити имрӯза, ки бар асари гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо танқисиву азият мекашанд, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд.
Фаромӯш набояд кард, ки Худованд ризқу рӯзӣ ва хайру баракати ҳар шахсро ба ақлу хирад ва заҳмату талоши ӯ вобаста медонад.
Ҳамватанони арҷманд!
Тибқи муқаррароти дини мубини ислом рисолати бузурги худоҷӯйиву тақводорӣ, пеш аз ҳама, дар расонидани кумак ба ниёзмандон зоҳир мегардад.
Яъне мо бояд ҳангоми гирифтани рӯза, қабл аз ҳама, талаботи ахлоқӣ ва инсондӯстиву иҷтимоии онро ҷиддӣ риоя намоем.
Ба зоҳирпарастиву худнамоӣ роҳ надиҳем, зеро Худованди мутаол хоксорӣ, сарфакорӣ ва накӯкориро дӯст медорад.
Ҳамватанони азизи мо аз вазъи ҷаҳони муосир хуб огоҳанд.
Бори дигар таъкид месозам, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар аксари кишварҳои дунё, хусусан, солҳои охир ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Бо дарназардошти шароит ва вазъи кунунии ҷаҳон мо бояд сариштакор бошем, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳатман риоя намоем.
Вобаста ба исрофкорӣ Худованд дар сураи Аъроф, ояти 31-уми каломи осмонии худ таъкид кардааст, ки: «бихӯреду бинӯшед ва исроф накунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».
Қобили зикр аст, ки таълимоти дини мубини ислом мардумро ба таҳким бахшидани ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ, сулҳу оромӣ, сабру таҳаммул ва дигар аъмоли писандидаи инсонӣ даъват ва ҳидоят мекунад.
Мо бояд моҳияти аслии фарҳанги исломиро дуруст дарк карда, онро бо дарназардошти арзишҳои миллиамон ба манфиати тарбияи инсони комил истифода барем.
Анҷом додани ин кор дар шароити кунунӣ, аз ҷумла густариши таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва унсурҳои фарҳангии бегона ба мафкураи мардум, махсусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим ва зарур мебошад.
Дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир мардуми моро зарур аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некномамонро идомаву тақвият мебахшанд ва ба хотири сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободиву тараққиёти Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Бори дигар тамоми мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яке аз ҳамватанонамон файзу баракат, зиндагии орому осуда, хушрӯзӣ ва иқболи нек орзу менамоям.
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Манбаъ: Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон http://president.tj/node/30256