Ширкати амрикоии паҳнкунандаи филмҳо «Black Bear Pictures» эълон кард, ки филми нави мазҳакавии «Ҷейсон Стейтем дучархаи маро дуздид» 6 августи соли 2027 ба намоиш мебарояд.
Нақши асосиро дар ин филм худи ҳунарманд Ҷейсот Стейтем иҷро мекунад. Наворбардории филм аллакай дар Британияи Кабир оғоз шудааст.
Коргардонии лоиҳа ба зиммаи Девид Литч гузошта шудааст, ки бо филмҳои “Дэдпул 2” ва “Аз тир ҳам тезтар” маъруф аст. Муаллифи сенария бошад, Флисон Флиер мебошад. Ҷейсон Стэйтем ҳамзамон соли равон дар лоиҳаи “Паноҳгоҳ” ҳунарнамоӣ кардааст.



11