Қисми дуюмифилми муҳорибавии «Мортал Комбат» дар кинотеатрҳои онлайнӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ин филм моҳи май ба экранҳо баромада, дар саросари ҷаҳон 128 миллион доллар даромад ба даст овард. Буҷети истеҳсоли он тақрибан 80 миллион долларро ташкил медод.
Дар қисмати дуюми филм қаҳрамонони Салтанати Замин ҳамроҳ бо Ҷонни Кейҷ бояд пеши роҳи ҳукмронии золимонаи Шао Канро гиранд ва ҷаҳонро аз таҳдиди ӯ наҷот диҳанд.
Дар филм Ҷессика Макнэми, Хироюки Санада, Аделин Рудолф, Тати Габриэл ва дигар ҳунармандон нақш офаридаанд.
Коргардони филм Саймон Маккуойд мебошад, ки қисми аввали «Мортал Комбат»-ро низ ба навор гирифта буд.
Мунаққидон филмро ба таври гуногун арзёбӣ карданд.



5