Ширкатҳои синамоии «FX» ва «Hulu» трейлери расмии мавсими панҷуми силсилафилми «Хирс»-ро нашр карданд. Қисмҳои нави ин силсила 25 июн дастрас хоҳанд шуд.
Ин лоиҳаи драмавӣ, ки соли 2022 ба намоиш оғоз карда буд, дар бораи ошпази касбӣ Кармен Берзатто нақл мекунад, ки нақши ӯро Ҷереми Аллен Уайт иҷро менамояд. Қаҳрамон роҳбарии тарабхонаи оилавии худро дар шаҳри Чикаго ба уҳда гирифта, барои рушди он талош мекунад.
Офаринандаи силсила Кристофер Сторер мебошад. Дар нақшҳои дигар Айо Эдебири, Эбон Мосс-Бакрак, Ҷейми Ли Кёртис, Ҷон Бернтал ва дигар ҳунармандон ҳунарнамоӣ кардаанд.
Чанде пеш дар платформаи «Hulu” як қисми аввалияи «Хирс» низ дастрас гардид, ки дар он Эбон Мосс-Бакрак ва Ҷон Бернтал нақшҳои асосиро иҷро мекунанд.



4