Дар интернет ролики таблиғотии расмии филми «Энола Холмс 3» муаррифӣ гардид. Қисми нави ин силсилафилм аз 1 июл дар платформаи Netflix ба намоиш мебарояд.
Филм бар асоси силсилаи романҳои Нэнси Спрингер дар бораи хоҳари Шерлок Холмс таҳия шудааст. Дар қисми нав ҷосуси ҷавон Энола Холмс, ки нақши ӯро Милли Бобби Браун иҷро мекунад, ба ҷазираи Малта сафар мекунад. Ӯро як парвандаи нави хатарнок ва ҳамчунин тӯй бо лорд Тьюксбери, ки нақши ӯро Луис Патридж мебозад, интизор аст.
Дар ин лоиҳа инчунин Генри Кавилл, Хелена Бонем Картер, Химеш Патель ва дигарон нақш офаридаанд. Коргардонии филмро Фил Барантини ба уҳда гирифтааст. «Энола Холмс» соли 2020 ба намоиш баромада буд ва қисми дуюм соли 2022 манзури ҳаводорон гардонида шуд.



8