Академияи синамои Амрико рӯйхати барандагони ҷоизаи фахрии «Оскар»-ро барои соли 2026 эълон кард.
Ридли Скотт — коргардони машҳур, ки бо филмҳои “Гладиатор” ва «Бегона» шуҳрат ёфтааст.
Гленн Клоуз — ҳунарпеша дар филми «Ҷозибаи марговар» нақш офаридааст.
Флойд Норман — аниматори собиқи Disney, ки дар офариниши филмҳои тасвирии «Зебосанами хуфта» ва «Мулан» саҳм гузоштааст.
Кристин Вачон ва Памела Коффлер — продюсерони филми «Моддигароён».
Маросими тақдими ҷоизаҳо 15 ноябр дар шаҳри Лос-Анджелес баргузор мешавад. Ридли Скотт қаблан чандин маротиба ба ҷоизаи «Оскар» пешбарӣ шуда буд. Ҳамчун коргардони филмҳои «Гладиатор», «Суқути Ҳавопаймои Сиёҳ» ва «Телма ва Луиза», инчунин ҳамчун продюсери филми «Марсианӣ» фаъолият намудааст.
Гленн Клоуз дар маҷмӯъ ҳашт маротиба барои дарёфти ҷоизаи «Оскар» номзад шуда буд, аммо ҳар бор аз гирифтани мукофот маҳрум монд. Кристин Вачон бошад, бори аввал соли 2024 барои филми «Зиндагиҳои гузашта» ба ин ҷоиза пешбарӣ гардида буд.



8