Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд

    2026-06-15
    10

    15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфтанд.

    Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.

    Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

    Ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гидроэнергетика, фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, инчунин бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори муосир ҳам тамаркуз карда шуд.

    Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштарак барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳаҳо идома дода шавад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ