Кинотеатри онлайнии «Okko» аввалин навори таблиғотии силсилафилми навихудро муаррифӣ кард. Нахустнамоиши ин силсила соли равон баргузор мешавад.
Қиссаи филм дар атрофи як гурӯҳ дӯстони ноком чарх мезанад, ки мехоҳанд барои якбора ҳал кардани мушкилоти молиявии худ нақлиётеро, ки ба кашонидани пулҳо машғул аст, ғорат кунанд. Аммо ба ҷойи ба даст овардани маблағ ба мушкилоти боз ҳам бузургтар гирифтор мешаванд.
Нақшҳоро дар филм Александр Фёдоров, Денис Власенко, Магомед Муртазалиев ва дигарон иҷро кардаанд. Коргардони лоиҳа Антон Родин мебошад.



6