20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад.
Дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, омӯзиш ва фароғати ятимону маъюбон мусоидат менамояд. Инчунин дар масоҳати 40 садяк замин гармхона ташкил шудааст.
Дар Осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Бунёди чунин муассисаи иҷтимоӣ намунаи равшани татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таълиму тарбия, нигоҳубин ва фароғати ятимону маъюбон заминаи хуб фароҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи иҷтимоӣ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ ва сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Ба масъулони осоишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ, муҳайё намудани шароити муносиби тарбия, таъмини нигоҳубини ҳамаҷониба ва зоҳир намудани ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону маъюбон тавсияҳо дода шуд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки истифодаи дуруст ва босамари ин иншооти хуштарҳи замонавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллию ҷумҳуриявии соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.



6