Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд

    2026-06-23
    5

    23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб, ҳамчунин, барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд.

    Зимни муаррифи лоиҳаи сохтмони корхона иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар масоҳати 16 га корхонаи нави истеҳсоли дар муддати 17 моҳ сохта ва ба истифода диҳад.

    Иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда дар як сол 1,2 миллион тонна сементро ташкил хоҳад дод.

    Дар рафти ба амал баровардани корҳои сохтмонӣ беш аз 1100 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда шуда, пас аз ба истифода додани корхона бошад, зиёда аз 1000 ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешаванд.

    Бунёди ин корхона низ дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ хоҳад гашт.

    Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муосир буда, дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин карда мешаванд.

    Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхонаи дуюм Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Тоҷик мебошад.

    Бояд таъкид дошт, ки ҳарду корхонаи семент мутобиқ ба талаботи муосири экологӣ сохта шуда, ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонанд.

    Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳо ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмони ду корхонаи калони истеҳсоли семент Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ҳамовозӣ ба сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ