Дар шаҳри Иваново 8-умин маросими ҷоизасупории фестивали силсилафилмҳои «Пилот» ба анҷом расид. Ҷоизаи асосии ҳайати ҳакамон ба лоиҳаи «Нафаси дубора»-и Руслан Братов дода шуд. Ин драмаи платформаи «Okko» дар бораи варзишгари собиқ Иля бо нақшофарии Александр Пал мебошад, ки ба маркази пӯшидаи барқарорсозии «Боварӣ» меафтад ва маҷбур мешавад худро аз нав барқарор кунад. Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон ба мазҳакаии «Кӯдаки саркаш»-и Владимир Болгов, Велимир Русаков ва Никита Зубков супорида шуд.
Беҳтарин коргардон дар ҷашнвораи мазкур Руслан Братов дониста шуд. Ҷоиза барои беҳтарин филмнома ба Антон Коломеец ва Евгения Тамахина барои силсилафилми «Паша» супурда шуд. Ҷоизаҳои беҳтарин ҳунарпеша ба Аскар Илясов барои филми «Паша» ва Юлианна Михневич, ки ҳамзамон дар чор лоиҳаи ба озмун роҳёфта нақш офаридааст, муносиб дониста шуд.



7