Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти ҳамраисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид, ки имрӯз, 24 март ҷамъбаст карда мешавад.
Дар доираи конфронси мазкур АМИТ «Ховар» аз чанде аз роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ таассуроташонро пурсон шуд, ки дар зимн фишурдаи он пешниҳоди хонандагон карда мешавад.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ли Ҷунхуа:
«Пеш аз ҳама мехоҳам дӯстони тоҷикистониамро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гӯям. Дар мавриди Конфронси СММ — 2023 гуфтаниам, ки ба шарофати роҳбарии қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Подшоҳии Нидерланд ин конфронс муваффақияти бузург хоҳад буд. Мо аллакай 600 уҳдадории ихтиёрӣ қабул кардем ва ҳамаи он аз пайгирӣ ва татбиқи он вобаста аст, бинобар ин мо бесаброна интизорем, ки ҳамкориро бо шарики хуби худ — Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои миллии ҷонибҳои манфиатдор идома диҳем. Боварӣ дорем, ки Конфронси оби СММ дар расидан ба Ҳадафҳои 6-уми рушди устувор ва ноил шудан ба рӯзномаи 2030 мусоидат хоҳад кард».
Хонум Тери Ҳакала, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ:
«Аз конфронси имрӯза таассуроти зиёд гирифтам. Мехостам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо Нидерланд ҳамраиси конфронси таърихӣ оид ба об мебошад, табрик гӯям. Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамкории зич дорад. Дар конфронс намояндагони ҳукуматҳо, ҷонибҳои манфиатдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва академияҳо иштирок доранд ва комилан умедворам, ки ин конфронс натиҷаи хуб хоҳад дошт. Нақши Тоҷикистон ҳамчун ҳамраиси ин конфонси таърихӣ бисёр назаррас ва муҳим аст, зеро новобаста аз он, ки ин кор душвор мебошад, онро бисёр хуб анҷом медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба об намунаи ибрат мебошад. Бояд бигӯям, ки Тоҷикистон, хоссатан Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин ҷо дар сатҳи баланд аз Тоҷикистон намояндагӣ менамоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои алоқаманд ба об нақшаи шоён ва бисёр муҳим доранд».
Намояндаи Институти байналмилалии оби Стокголм Давид Хебарт Колеман:
«Ман дар Институти байналмилалии оби Стокголм фаъолият дорам ва бо мардуми маҳаллӣ бисёр кор мекунам.
Соли гузашта дар Душанбе будам ва дар Тоҷикистон бо муваффақияти бузурге ноил гаштем.
Талошҳо ва он чӣ, ки дар Душанбе ба даст омад, ба мо имкон дод, ки дар робита ба мардуми маҳаллӣ фаъолиятро дучанд кунем, аз ин рӯ мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд барои дастгирӣ дар ин самт изҳори сипосу миннатдорӣ намоям».
Петтери Таалас, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ:
«Мо аз Тоҷикистон барои нақши фаъол дар масоили обу пиряхҳо сипосгузор ҳастем. Моҳи июни соли гузашта аз Душанбе дидан намудам ва бо чашми худ дидам, ки бо пиряхҳо чӣ рух медиҳад. Ва комилан мефаҳмам, ки Тоҷикистон чаро ин қадар ба масъалаи об ва пиряхҳо таваҷҷуҳ дорад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи муҳими об ҳастанд ва барои ин давлат ва тамоми Осиёи Марказӣ неру мебошанд. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмашон дар пешбурди масоили обу иқлим, барои конфронси имрӯза ва дигар корҳои анҷомдода сипосгузорем. Шодем, ки ба Тоҷикистон дар ташаббуси навбатиаш оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамоем, зеро ин манфиати умумии мост».
Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Лоик Фошон:
«Мехоҳам бигӯям, ки мо нақши Тоҷикистонро дар баргузории ин конфронси СММ баланд арзёбӣ менамоем.
Тоҷикистон дар масъалаи об давлати пешгом аст ва барои бомуваффақият гузаронидани конфронси мазкур аз таҷрибаи худ истифода мебарад.
Бесаброна иштироки тамоми коршиносони тоҷикро дар омодагӣ ба Форуми навбатии ҷаҳонии об, ки моҳи майи соли 2024 дар Балии Индонезия баргузор хоҳад шуд, интизорем».
Рафаэл Мариано Гросси, Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ:
«Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба об пуштибонӣ мекунад. Мо медонем, ки талошҳо барои ҳифзи пиряхҳо то чӣ андоза муҳиманд. Онҳо унсури калидӣ дар мубориза бо мушкилоти марбут ба норасоии об дар шароити гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим мебошанд. Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо падидаи бисёр муҳим аст. Бояд гуфт, ки Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ талоши ҷаҳонӣ ва Шабакаи глобалии лабораторияҳои обро роҳандозӣ кардааст, ки ба давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарёфти иттилооти илмӣ, ки барои таҳлили хусусиятҳои ин падида ва тарзи мубориза бо он зарур аст, мусоидат менамояд. Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин талоши муштараки ҷаҳонӣ хушҳол аст».
Менеҷери лоиҳаи маҷаллаи «Diplomatic World» Алберто Туркстра:
«Мо муддати зиёд аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла даҳсолаи амал барои об ва ташаббуси калидӣ барои соли пиряхҳоро пайгирӣ дорем. Ба андешаи ман, баргузории чунин Конфронси сатҳи баланд дар СММ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд барои ҷаҳониён бисёр муҳим ва саривақтӣ аст, зеро имрӯз мо бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо рӯ ба рӯ ҳастем. Аз ин хотир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо карда мешавад, ки дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳам оянд ва роҳҳои пешрафтро муҳокима намоянд, зеро об – ин ҳаёт аст. Бинобар ин мо айни замон дар ин ҷо қарор дорем ва ифтихормандем, ки аз чунин ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ менамоем».
Барбара Диетрич, Роҳбари маҷаллаи «Diplomatic World»:
«Ман маҷаллаи «Diplomatic World»-и ва институти ««Diplomatic World»-и Белгияро дар ин конфронс намояндагӣ мекунам.
Бисёр хушҳолам, ки имрӯз ҳамроҳ бо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс иштирок дорам.
Ин конфросн барои сулҳ ва тамоми ҷаҳон бисёр муҳим аст.
Мо шодем, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем ва дар ин раванди сулҳ ба ҷаҳониён кумак менамоем».
Директори генералии Иттифоқи байналмилалии муҳофизатӣ Бруно Оберле:
«Ин конфронс, ки дар Ню-Йорк дар қароргоҳи СММ баргузор мешавад, бисёр муҳим аст. Дар чанд даҳсолаи охир бори аввал аст, ки давлатҳо барои баррасии муҳимияти об ба ҳам меоянд. Агар назар андозем, аз ҳадафҳое, ки дорем, об аз ҳама бениҳоят муҳим аст. Об қисми фундаменталии табиат мебошад.
Ман аз ин конфонс ҳамоҳангӣ оид ба идораи оқилона ва истифодаи дурусти захираҳои обро интизор ҳастам. Мо аз об вобастаем ва бояд онро эҳтиёт намоем. Бисёр хушнудам, ки ин ҷо бо ҳамаи давлатҳо ин мавзӯи муҳимро баррасӣ дорам».
Угочи Даниелс, Муовини Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират:
«Пас аз 46 сол, бароям иштирок дар Конфронси оби СММ-2023 боиси хушнудист. Мубоҳисаҳои Конфронси оби СММ ва амсоли онҳо пешвоёни ҷаҳонӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои СММ ва бахши хусусиро ба ҳам овардаанд. Тавре медонем, то соли 2050 беш аз 700 миллион нафар одамон дар минтақаҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки дорои мушкилоти норасоии об мебошанд.
Мо бо буҳроне рӯ ба рӯ ҳастем, ки аз ҳамаи мо муттаҳидиро тақозо менамояд. Ман ба ҳайси муовини Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират оид ба амалиёт ин ҷо ҳузур дорам ва аҳамияти муҳими робита байни тағйирёбии иқлим ва сафарбарии инсонро таъкид менамоям. Мо медонем, ки таъсири иқлим баъзан одамонро маҷбур месозад, ки кӯч банданд.
Об дар аксар мавридҳо ба мардум ба ҷуз аз кӯч бастан дигар илоҷе намегузорад, аммо мо медонем, ки бо ӯхдадорӣ, маблағгузорӣ ва технологияи муосир метавонем онро пешгирӣ намоем ва таъсири иқлимро ба инсоният ба ҳадди ақал расонем. Мо инчунин медонем, ки баъзеҳо илоҷи дигаре надоранд, ба ҷуз кӯчидан, ба ҷойи дигар рафтан ва барои ҳамин муҳоҷират як равиши мутобиқшавӣ барои одамон бо таъсири иқлим аст. Бори дигар иброз медорам, ки бароям боиси хушнудист, ки дар ин чорабинӣ, ки таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мешавад, иштирок намоям ва ҷузъе аз мубоҳисаи ҷаҳонӣ бошам».
Муовини Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳасин Ҷомӣ:
«Шодам, ки дар Конфронси оби СММ иштирок дорам. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Подшоҳии Нидерланд барои дар ҳамраисӣ баргузор намудани чунин конфронси ниҳоят муҳим, ки пас аз солҳои зиёд доир мешавад, изҳори миннатдорӣ менамоям. Зеро чунин конфронс маротибаи охир соли 1977 баргузор гардида буд ва акнун баъд аз 46 сол доир мешавад.
Дар доираи конфронси мазкур бо ҳайатҳо аз давлатҳо ва ташкилотҳои гуногун мулоқоти судманд доштам ва дар чорабиниҳои гуногуни канории марбут ба об низ иштирок кардам. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ менамоям».
ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»