Ширкати филмофарии “Paramount Pictures” навори таблиғотии қисмати сеюми филми аниматсионии “Парандагони хашмгин”-ро дар сомонаи расмии худ интишор намуд. Нахустнамоиши ҷаҳонии офарида 16 уми декабр дар назар дошта шудааст. Коргардони филм Джон Райс буда, қисмати аввали филми аниматсионии “Парандагони хашмгин” соли 2016 ва қисмати дуюми он соли 2019 пешниҳоди бинанда гардиданд. Ҳарду лоиҳа дар фурӯши ҷаҳонӣ тавонистанд зиёда аз 500 млн доллар даромад ба даст оранд.
Қисати навбатии филм бештар аз тағйиротҳои ҳаёти яке аз персонажҳои асосӣ - Ред ба бинанда қисса мекунад.



7