Филми ҳунарии “Прада 2” баъд аз нахустнамоиш дар саросари ҷаҳон дар кинотеатрҳои онлайнӣ ба намоиш гузошта шуд.
Қисми аввали офарида ҳанӯз соли 2006 пешниҳоди ҳаводорони синамо гардида, миёни бинанда маъруфияти зиёдро касб кард.
Қисмати 2 –юми офарида, ки чанде қабл пешниҳод гардид аз намоиши сартосарӣ дар тамоми ҷаҳон тавонист зиёда аз 1млрд доллар ба хазинаи худ даромад биёрад. Дар ин қисмат Миранда Присли муассиси маҷаллаи Подиум дар якҷоягӣ бо ёвараш Энди Сакс талош менамоянд то маҷалларо аз басташавӣ нигоҳ доранд.
Дар филм ҳамчунин ҳамчунин ҳунармандони шинохтаи Ҳолливуд Эммили Блант, Стенли Туччи ва Леди Гага нақш офаридаанд.



8