Қисмати дуюм аз мавсими сеюми силсилафилми «Хонаи аждаҳо» дар сомонаҳои интернетӣ бо гирифтани 9,5 хол аз 10 холи муқарраргардида яке аз баландтарин нишондодҳоро соҳиб гардидааст. Дар баҳогузории офарида зиёда аз 20 ҳазор тамошобинон иштирок намудаанд.
“Хонаи аждаҳо” оғози ҳаводиси силсилафилми «Бозии тахтҳо» буда, рӯйдодҳои он 100 сол пеш аз воқеаҳои ин силсилафилм ҷараён мегиранд. Сужаи филм ба зиндагӣ ва муборизаҳои намояндагони сулолаи Таргариенҳо такя мекунад. Дар ин силсилафилм Мэтт Смит, Оливия Кук, Рис Ифанс ва дигар ҳунармандон нақш офаридаанд.



8