Ширкати “Нетфликс” навори таблиғотии қисмати сеюми филми ҳунарии Энола Холмсро дар сомонаҳои расмии худ нашр кард. Ба нақши асосӣ Милли Бобби Браун баргашт.
Филм мутобиқи ҳикояҳои китоби нависанда Ненси Спрингер сабт гардидааст. Тибқи сужа муфатиши ҷавон ба ҷазираҳои Малта меравад. Дар онҷо қаҳрамонро корҳои хатарнок интизор аст.
Нақшҳои дигарро инчунин Генри Кавилл, Хелена Бонем Картер ва дигарон иҷро намуданд. Қисмати аввали филм соли 2020 ва қисмати дуюм бошад соли 2022 руйи пардаи синамо омада буд.



13