Айни ҳол дар Тоҷикистон 107 шабака ва муассисаи давлатиию хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизиони хусусӣ, 17 телевизиони ноқилӣ, 5 телевизиони IP, 25 радиои хусусӣ ва 19 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки дар шаш моҳи якуми соли равон дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон 55 ва дар шабакаҳои радиоӣ 33 лоиҳаи нав татбиқ карда шуд.
Маълумот дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Телевизиони Тоҷикистон 12 лоиҳаи нав (ҳамчунин барномаи «Лаҳзаҳои гуворо» эҳё гардид), Телевизиони «Сафина»-10, Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-10, Телевизиони «Илм ва табиат»-9, Телевизиони «Баҳористон»-7, Телевизиони «Хатлон»-5 ва Телевизиони «Суғд»-2 лоиҳаи нави телевизионӣ амалӣ гардид.
Ҳамзамон дар Радиои Тоҷикистон-12, радиои «Фарҳанг»-11, радиои «Садои Душанбе»-5 ва радиои «Овози тоҷик»-5 лоиҳаи нави радиоӣ татбиқ карда шуд.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ фаъолияти худро ба инъикоси воқеъбинонаи сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангию таърихӣ, дастгирии сиёсати ҷавонон, занону оила, рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа равона намуданд.



11